Ҳарорати ҳаво дар тобистон рӯзона то + 38 дараҷа ташкил карда, шабона бошад +15 дараҷа селсия гарм мебошад. Зимистонаш – 15-25 дараҷа селсия хунук мешавад. Шаршараи Сари Хосор дар Боғи табии Сари Хосор воқеъ буда, ҳамчун макони сайёҳии кишвар шинохта шудааст. Тибқи баҳодиҳиҳо ин Шаршара дар миқёси ҷумҳурӣ зеботарин шаршараи табиӣ эътироф гардидааст. Ин ёдгории нодири табиат дар деҳаи Мулоконии ҷамоати деҳоти Сари Хосор воқеъ мебошад. |